ДАР НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДИРЕКТОРИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ХОЛИҚЗОДА МУЗАФФАР ҒАФУР ТАЪКИД ГАРДИД, КИ БАРОИ ОМӮХТАНУ ПАҲН КАРДАНИ САБАҚҲОИ МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ВА ҲАМСАФОНИ ИН ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ – МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ФДТТИ МАРКАЗИ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ РОҲБАРОНИ МУВАФФАҚ ТАЪСИС ЁФТ.
Имрӯз – 16-уми феврали соли 2023 нишасти матбуотии директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, н.и.и. Холиқзода Музаффар Ғафур доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори маҳаллӣ: рӯзномаҳои “Насими Исфара”, “Хазинаи маърифат”, “Имрӯз”, “Навиди донишгоҳ”, “Телевизони Исфара”, “Радиои Исфара”, МД “ТВ Сафина” дар шаҳри Исфара ва ТВ “Синамо”ҳузур доштанд.
Ба рӯзноманигорон маълумоти фишурда дар бораи фаъолияти таълимгоҳ дар соли 2022 (пресс-релиз) таҳия ва пешниҳод гардид.
Холиқзода Музаффар Ғафур ба намояндагони ахбори умум барои ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамар миннатдорӣ изҳор карда, онҳоро мушаххасан оид ба дастовардҳои соли 2022 ва нақшаҳои минбаъда ошно сохт.
Аз ҷумла афзуд, ки моҳи декабри соли 2022 омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ризобоева Наргис Мамадкаримовна рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: «Тасвирҳои парадоксӣ дар шеъри муосири тоҷик (давраи истиқлолият)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дар Шӯрои диссертатсионии назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҳимоя намуд.
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" муовини директор оид ба таълим ва илм, н.и.к., Солиев Зокирхоҷа ва донишҷӯйи соли дуюм Асроров Зикруллохӯҷа сазовори ҷойи сеюм ва Зикриллохӯҷа Асроров дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2022 сазовори ҷойи дуюм гардид.
Бо мақсади амалисози дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон бобати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ Маркази рушди фанҳои дақиқ ва зеҳни сунъӣ, Маркази пайравони Пешвои миллат ва омӯзиши таҷрибаи роҳбарони муваффақ таъсис ёфтанд.
Таълим аз рӯйи низоми дуалӣ ва сиклӣ ҷорӣ гардида, қабул ба таълимгоҳ аз рӯйи 28 ихтисоси зинаи бакалавр, азҷумлат11 омӯзорӣ, 3 ихтисоси магистратура ба роҳ монда шуд.
Маркази рушди фанҳои дақиқ ва зеҳни сунъӣ бунёд ёфт ва ботантана ба истифода дода шуд.
Холиқзода М.Ғ. ба саволҳои хабарнигорони васоити ахбори умум доир ба таносуби гендерӣ дар таълимоҳ ва муносибати донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ; вазъи амалигашти Стратегияи давлатии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар таълимгоҳ; равобити хориҷии таълимгоҳ ва ҳамкорӣ бо мактабҳои олии хориҷи дуру наздик; татбиқи навоварӣ ва ихтироъкориҳои устодону донишҷӯёни таълимгоҳ дар истеҳсолот ва ҷалби довталабон аз дигар минтақаҳои кишвар; сабабҳои бидуни ММТ – тариқи анъанавӣ қабул гардидани донишҷӯён дар солҳои охир; таҳсили донишҷӯён аз ҳисоби сарпарастон; ҳавасмандгардонии эҷодкорон; иштироки дастаи таълимгоҳ дар мусобиқаи футбол барои гирифтани ҷоми “Контакт” ва монанди инҳо посухҳои қаноаткунанда дод.
Ҳамчунин рӯзноманигоронро даъват намуд, ки дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои муассисаи таълимӣ, шароиту имкониятҳои таҳсил дар он ва ихтисосҳои нав ҳамкориро боз бештар мустаҳкам карда, дар пур кардани фазои холии иттилоттӣ, хосатан байни наврасону ҷавонон ҳарчи бештар саҳмгузорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо баҳри вусъату тавсиаи дастовардҳо, такмили ҷараёни таълиму тарбия, тақвияти корҳои илмӣ боз ҳам бештару самаровартар сафарбар намояд.