Санаи 8-уми ноябри соли 2025 мулоқоти директори ФДТТИ, н.и.к. Абдуллоев Ҳ.Д., бо намояндагони донишгоҳҳои аъзои лоиҳаи “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ (OFINU)”, ки барои иштирок дар семинарҳои пилотӣ ба филиал ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Ҳамчунин дар мулоқот муовини аввали директор, н.и.и. Шаропова Н., муовинони директор, д.и.к. Солиев З. ва Рустамӣ Ф., сардори шуъбаи таълим Бобоев С., Қодиров Н., мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо ва устодони филиал иштирок намуданд.
Дар мулоқот намояндагони зерин аз донишгоҳҳои аъзои лоиҳа иштирок доштанд: докторон Датсе Клава, Лиена Озола ва Эвита Страумите аз Донишгоҳи илмҳои ҳаёт ва технологияҳои Латвия, Мирзоев Раҳимҷон ва Муродҷон Атаҷанов аз Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ ва агротехнологияи Андиҷон, Ташманов Раҳматулло аз Донишгоҳи агроинноватсия ва тадқиқоти Самарқанд, инчунин Абдуллоева Мақсудахон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Латипов Рустам ва Раҷабов Санг аз Донишгоҳи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Директори ФДТТИ, н.и.к. Абдуллоев Ҳ.Д., меҳмононро ба филиал хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкории филиал бо донишгоҳҳои аъзои лоиҳаи OFINU изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии филиалро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда бо донишгоҳҳои аъзои лоиҳа баён намуд. Таъкид гардид, ки филиал ба густариши ҳамкориҳо дар самти табодули донишҷӯён ва устодон дар доираи лоиҳаи OFINU ва тавассути барномаҳои дигар, аз қабили Эрасмус+ ва барномаҳои давлатии дуҷонибаву бисёрҷониба, тайёр буда, омодагии худро барои ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар ин самт изҳор мекунад.
Ҳамзамон, намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ дар навбати худ аз сатҳи ҳамкориҳо бо филиал изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.